АЗ ҚАЪРИ ҚАРНҲО: олимон дар қалъаи Карони ноҳияи Дарвоз расадхона кашф намуданд!

PDFПечать

Бостоншиносони тоҷик зимни баргузории ҳафриёти навбатӣ дар қалъаи Карони ноҳияи Дарвоз аз зери хок расадхонаи ситорашиносӣ ва дигар нигораҳои қадимӣ пайдо намуданд. Ин расадхона дар қисми ҷанубу ғарбии қалъа ҷойгир буда, паҳноияш 8 метр ва дарозиаш низ ба ҳамин андоза мебошад.

Деворҳои расадхона бо  ранги сурх оро ёфта, дар рӯи фарш мизи чоркунҷаи сангин ва дар болои он сангҳои хурди секунҷаву шашкунҷа ба назар мерасанд. Як қисми асбобҳо аз чӯб омода шуда, бо мурури замон хароб гаштаанд.  Боми хона гумбазшакл ва боз аст.

Доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, ки зиёда аз шаш сол боз ба омӯзиши ин қалъа машғул аст, изҳор намуд, ки “аксари асбоби расадхона аз сангу чӯб омода шуда будаанд, аммо асбоби чӯбин бо мурури солҳо хароб гардидаанд.

То ин давра танҳо қисмҳои сангии онҳо боқӣ мондаанд, ки онҳо бо шаклу намуди зоҳирии худ ҳар касро ба ҳайрат мегузоранд. Бо кадом асбоб ва чӣ гуна ин сангҳоро буридаанд, ин мавзӯи дигар аст. Баъди тадқиқоти қаблӣ мо ба ин хулоса омадем, ки сангҳои секунҷаву шашкунҷа вазифаи тақвимро иҷро мекунанд. Дар рӯи сангҳо ба як тартиб ситораҳо, рӯзҳои ҳафта ва ҳуруфоти ҳанӯз номаълум ҳаккокӣ шудаанд. Дар рӯи санги суфтаи дигар ҳарфҳо бо алифбои арабӣ дарҷ ёфтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қалъаи мазкур пеш аз пайдоиши дини ислом вуҷуд доштааст ва то асрҳои 16-17 бо ҳамон шаклии аввалааш расидааст. Аммо баъдан бар асари тағйироти иқлим хароб гардида, сокинони ин қалъа ба сабаби беобӣ ба мавзеи Қалъаихумб кӯч бастаанд”.

Доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ гуфт, ки кофтукови археологиро аз баҳори соли оянда оғоз мекунад ва боварӣ дорад, ки чандин асрори пӯшидаи ин қалъаро барои ҳамзамонони худ мекушояд.

Back to Top