Қонунҳои зидди Путин

 A файлыМаҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 12 март се тарҳи  қонунҳоеро тасвиб кард, ки бар зидди Русия ва шахси президент Путин  равона шудаанд.

Яке аз ин қонунҳо "Санади Кремлин" аст, ки ба ҳадди ақал расонидани дахолати Русия ва маҳдуд кардани шабакаҳои иктишофии он кишвар дахл дорад.

Санади мазкур аз Хадамоти милли кашфи  ИМА талаб мекунад, ки дар давоми 90 рӯз "тасмимҳои сиёсии роҳбарияти Русия" ва хатарҳои эҳтимолии Москва  ба Амрико  ва НАТО-ро баҳогузорӣ кунад.

Тарҳи  дигари қонун "Дар бораи шаффофият нисбати Владимир Путин" аст, ки аз хадамоти  Амрико талаб мекунад, дар бораи дороиҳои Владимир Путин президенти Русия иттилоот ҷамъоварӣ кунанд..

Дар ин росто Хадамоти миллии кашфи  ИМА ҳамроҳ бо вазорати хориҷа  ва молияи ин кишвар  вазифадор шудаанд, ки дар муддати 180 рӯз баъд аз эътибор пайдо кардани қонун рӯз,  дар бораи дороии шахсии президенти Русия гузориш диҳанд.

Тарҳи дигари қонун ба нимҷазираи Қрим дахл дорад, ки тибқи он дар Амрико ба расмият шинохтани қаламрави он ҳамчун қисмате аз ҳудуди  Русия, манъ карда шудааст.

Интизор аст, тарҳи ин се қонун ба зудӣ барои баррасӣ ба Сенати Конгреси Амрико ирсол шавад.

Back to Top