40 соли сиёсати “ислоҳот ва шафофият” дар Чин

 Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Сиёсати ислоҳот ва шафофият дар Чин» намоишгоҳи байналмилалии аксу мусаввараҳо баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахши  иқтисоду  иҷтимоъ, илму фарҳанг ва технологияи навин дар зарфи 40 соли амалисозии сиёсати “ислоҳот ва шафофият”, мунъакис шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ Шамсиддин Орумбекзода Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Лю Бин  Сафири  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя  ибрози назар карданд.

Сафири  Чин Лю Бин  зимни суханронии хеш дар робита ба дастовардҳои 40 соли сиёстаи ислоҳот ва шафофия дар кишвараш, зикр кард, ки дар ин муддат Чин ба иқтисоди дуввуми ҷаҳон табдил шуд.

Ба гуфтаи вай дар тули 40 соли ахир ҳаҷми умумии содироту воридот  дар ин кишвар 198 маротиба афзуда, дар ин муддат ба иқтисоди Чин  беш аз 2 триллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. 

Дар навбати хеш Шамсиддин Орумбекзода Вазири фарҳанги Тоҷикистон, таъкид кард,  ки Тоҷикистону Чинро робитаҳои неки дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ пайванд дода, ду кишвар ба унвони  шарики стратегӣ ҳамкориро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф ва фарҳанг беш аз пеш густариш медиҳанд.

Ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода бахусус саҳми Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷумла дар  татбиқи тарҳҳое, ки барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии ҳукумат мусоидат мекунанд, хеле муассир аст.

Инчунин ба гуфтаи Орумбекзода ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ  байни ду кишвар  дар доираи санадҳои ба тасвиб расида, тақвият  ёфта, садҳо нафар донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳҳои Чин таҳсил менамоянд.

Бояд гуфт  ин  намоиши байналмилалии аксу мусаввараҳо, ки фарогири як давраи  муҳими таърихи Чинсолҳои 1978-2018-аст,  боздидкунандагонро бо таърихи  40-солаи рушду дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии Чин ошно месозад.

Back to Top