vtem newsroll

Мулоқот бо Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо

vtem newsroll

Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

vtem newsroll

Ҳамкории босамар

vtem newsroll

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

vtem newsroll

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо

Тағйирёбии иқлим пиряхҳоро аз байн мебарад

PDFПечатьE-mail

Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим зиён ба аксар кишварҳои сайёра расидааст, аз ҷумла ба Тоҷикистон. Боиси қайд аст, ки то кунун 30%-и пиряхҳои Тоҷикистон  дар пайи тағйирёбии иқлим аз даст рафтанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дорои беш аз 13 ҳазор пиряхҳо буда, ҳаҷмии умумии онҳо 850 километри мукаабро ташкил дода, то имрӯз 30%-и онҳо аз даст рафтаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси олӣ 22 декабри соли 2017 иттилоъ доданд, ки “аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.”

Бинобар ин ҳолат сарвари давлат супориш доданд, ки Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ зимни шарҳи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ба хабарнигорон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе гуфта буд, Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи офатҳои табиӣ осебпазир аст.

Соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба созишномаи Париж дастгирӣ карданд. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни муаррифи созишномаи Париж ба вакилон иттилоъ дода буд, ки тағйирёбии иқлим ва боло рафтани ҳарорати  ҳаво солҳост, ки идома дошта, садсолаи охир дараҷаи гармӣ ба 1С0 расидааст. 50 соли охир 1,5 С0 ва 25 соли охир 2,5 С0 гарм шуда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагӣ таъсир расонидааст.

Бояд гуфт, тағйирёбии глобалии иқлим ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии сайёра таъсири манфӣ дошта, боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ мегардад. 

Таҳти таъсири гармшавии иқлим ва маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо дар вақтҳои охир масоҳати 6 кӯли Помир (Тузкӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Учкӯл, Булункӯл, Аждаркӯл) торафт маҳдуд мегардад. Масалан таи чанд соли охир Шоркӯл, ки дар қисмати шарқии Помир ҷойгир аст,  қариб тамоман хушк гардидааст. Маҳдуд гардидани масоҳати кӯлҳои Помир ба мавзеъҳои зисти парандагони наздиобӣ ва дар об шинокунанда таъсири манфӣ мерасонад. То ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Рангкӯл ва Шоркӯл ғози ҳиндӣ, ки парандаи нодир ва эндемики минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, лона гузошта афзоиш менамуд. Бо сабаби  маҳдуд гардидани муҳити зист алҳол ғози ҳиндӣ дар Шоркӯл ва Рангкӯл дигар лона намегузорад.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар чораҳои зарурӣ дида нашавад, тағйири иқлим ба зиндагии сахти зиёда аз сад миллион нафар аз аҳолии ҷаҳон сабаб хоҳад шуд.

Дар гузорише, ки ин бонк ҳанӯз ду соли қабл нашр карда буд, таъкид мегадид, ки ин гурӯҳи мардум зери хатари оқибатҳои сахти табиӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, хушкӣ, гармо ва обхезӣ қарор мегиранд.

«Онҳо беш аз дигарон осеб хоҳанд дид, зеро аз низоми молӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ»-и зарурӣ бархурдор нестанд, зикр шуда буд дар гузориш.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия соли 2015 дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ин кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, зеро 60% оби минтақа аз пиряхҳои ин ҷо сарчашма мегирад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: "Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст ".

                                                                               Сафарбек Кабиров

МО ДАР On-Line

01 02  03 04 

 

                 

VIDEO

1

МО дар FACEBOOK

Back to Top