Ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Тошканд ба намоиш мегузоранд

namoishgohҲудуди 120 ширкату  корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар  нахустин намоишгоҳи саноатӣ, ки 11-13 октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон -шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Дилшод Мирсаидов, сардори шуъбаи  фаъолияти намоишгоҳии  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ,  сайёҳӣ,  фармасевтӣ, маориф, табъу нашр, саноати сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, армуғон, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, ҳамзамон  ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон  баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар матраҳ гарданд.

Back to Top