Эрдоган:Туркия ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ниёз надорад

эрдугон1Иттиҳоди Аврупо муносибатеро, ки Туркия аз соли 1963 ба роҳ монда буд, нодуруст фаҳмид, мегӯяд роҳбари Туркия.
Ба иттилоъи хабаргузории Sabah, Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган эълон намудааст, ки кишвараш  дигар ба узвияти ИА эҳтиёҷ надорад.
Эрдоган таъкид намудааст, ки ин дафъа Туркия тасмими аввалро намегирад ва бигузор роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо тасмим бигирад.
Аввалҳои моҳи сентябр садриаъзами Олмон Ангела Меркел изҳор намуда буд, ки барои шомилшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ягон имкониятро намебинад. Баъдтар намояндаи ИА оид ба корҳои хориҷӣ Федерик Могерин гуфта буд, ки гуфтушунид перомуни узвияти Туркия ба иттиҳод дар ҷараён аст.

Back to Top