Абдулқодирзода: исрофкорӣ амали шайтон аст!

 s muВобаста ба исрофкорӣ ҳангоми дастархонороӣ раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Радиои Точикистон» чунин иброз дошт: «Ба ҳама маълум аст, ки дини мубини ислом, на танҳо дар дастархонороӣ, балки дар ҳама кор исрофкориро ҳаром медонад. Ҳар инсоне, ки дар корҳояш исрофкорӣ мекунад, Худованд ӯро бародари шайтон хондааст». Раиси  Шӯрои уламо дар идомаи суханрониаш дар барномаи "Тафсири руз"-и Радиои Тоҷикистон  афзуд, маблағҳои зиёдеро, ки дар маъракаву дастархонороӣ сарф мекунанд, беҳтар аст, ки ба пасандози оила гузоранд ё ба таълиму тарбияи фарзандон сарф кунанд.
Дастархонороӣ дар маросиму маъракаҳо аз меҳмондорӣ дида ба мусобиқа монандтар аст. Мардуми камбағалу миёнаҳол ҳам ба тақлиди бойҳо дастархон кушода, ба қарз меѓӯтанд. Ба гуфтаи Абдуқодирзода, худро зери қарзи миёншикан гузозоштаву аз он хайр кардан савоб нест, чун қарзҳои зиёд намегузорад таълиму тарбияи фарзанд ва таъминоти оила дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд.
Ҳоло лоиҳаи такмили қонуни амалкунанда дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки зимни он гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво гузаронида шуда, маъракаи ақиқа манъ карда мешавад. Ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ дар туйи арӯсӣ манъ гардида, тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд.
Бо иловаи наве, ки ба қонунгузории ҷорӣ ворид мешавад, минбаъд мансабдороне, ки ин қонунро риоя намекунанд, на танҳо ҷарима месупоранд, балки аз вазифа озод карда мешаванд.
Дар кишварҳои ҳамсоя низ ба қонуни танзим тавачҷуҳи зиёд карда шуда, моҳияти бандҳои алоҳидаи он дар Қазоқистону Қирғизистон мавриди амал қарор дода шудааст. Ҳафтаи гузашта бошад, Президенти Ӯзбекистон ҳини мулоқот бо зиёиёни кишвараш ба масъулин барои таҳияи лоиҳаи қонуни танзими ҷашну маросимҳо як моҳ муҳлат дод.
                                                                                                                                                                                 

                                                                                                                                               Ҳ. Афсаҳзод  "Радиои Тоҷикистон"

Back to Top