Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии КДАМ писарбачаи хурдсолро аз марг наҷот дод

10.08.2017 Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Азимов дар вақти адои хизмат бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола ҷони худро дареғ надошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодисаи фоҷибор 4 август рух дод. Бахтовар Азимов барои наҷот додани писарбачаи хурдсол — Меҳрубони Ҷурахони 10-сола, ки дар об ғарқ шуда истода буд, худро ба об  андохта, ӯро аз марг наҷот медиҳад. Писарбача наҷот меёбад, вале мавҷи тезу тунди об, мутаассифона, сарбозро ба ҳалокат мерасонад.

Сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз баҳори соли 2017 дар  Дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

Масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтанд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  маъракаҳои ёдбуди хизматчии ҳарбии фавтида ёрии моддӣ расонанд.

Back to Top