vtem newsroll

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

vtem newsroll

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

vtem newsroll

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

vtem newsroll

Абдулқодирзода: исрофкорӣ амали шайтон аст!

vtem newsroll

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Баргузории форуми иқтисодӣ

PDFПечатьE-mail

 6 августи соли равон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира Сафири   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки қарор аст дар пойтахти кишвари мо — шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.
Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.

МО ДАР On-Line

01 02  03 04 

 

                 

VIDEO

1

МО дар FACEBOOK

Back to Top