Сокинони зарардидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба хонаҳои нав мекӯчанд

Бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои 21 хонаводаи деҳаи Хостави ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, ки моҳи июли соли равон бар асари ҷорӣ шудани сел манзилҳояшон аз байн рафтанд, бо суръат идома дорад. Раиси ҷамоати деҳоти Нулванд Аловиддин Афғонов гуфт, ки баъди сар задани ин офати табиӣ аъзои комиссияи махсуси ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, бо оилаҳои зарардида мулоқот карданд. Ба зарардидагон барои бунёди манзил чанд мавзеъ дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он пешниҳод гардид ва онҳо деҳаи Яхчисорро интихоб карданд.

Хонаҳои истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ошхона иборат буда, дар маркази деҳаи нав ҳамзамон сохтмони бинои мактаби дорои 6 синфхона, бунгоҳи тиббӣ ва мағоза идома дорад.  Роҳи марказии деҳа низ ҳамвор гардида, рӯзҳои наздик роҳсозон онро мумфарш хоҳанд кард.

Сокинони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо навбат барои бинокорон ғизо омода мекунанд. Раиси шаҳри  Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода  ҳангоми супурдани кумаки сокинони шаҳр ба зарардидагон изҳор намуд, ки «ин кумаки аввалу охир нест, то ба анҷом расидани сохтмони хонаҳо ва инфрасохтори пурраи деҳа ин кумакҳо идома меёбанд».

Back to Top