Даври омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ

30.06.2017  Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ семинари омӯзиширо дар мавзӯи «Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол» (NPL) барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ баргузор намуд.

Тавре муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ иборат мебошад. Инчунин  гуфта шуд, ки мавзӯи семинар ба мушкилоти мубрами рӯз дар фаъолияти бонкӣ бахшида шуда, баргузор намудани он барои огоҳонидани ташкилотҳои қарзӣ аз мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар идома, Сироҷиддин Икромӣ изҳор намуд, ки тибқи таҳлилҳои солҳои охир, бинобар суст ба роҳ мондани фаъолияти қарзӣ  ташкилотҳои қарзӣ осебпазир гардиданд.

Аз ин рӯ, муовини Раиси БМТ С. Икромӣ  намояндагони ташкилотҳои қарзиро ба иштироки фаъолона, ташаббускорӣ дар пешниҳоди таклифҳои ҷолиб дар самти пешбурди сиёсати қарзӣ ва   низоми бонкӣ даъват намуд.

Семинар ду рӯз идома ёфта, дар он  тренерҳои ботаҷриба Фергус Кларк ва Натаниэл Дикерсон дарс гуфтанд. Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ инчунин бо усули интерактивӣ машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи кор бо қарзҳои мушкилситон, андӯхтани таҷриба ва вазъи бозори қарзӣ доир гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки даври дуюми семинари амалӣ барои ташкилотҳои қарзии боқимонда дар мавзӯи «Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол» 3-4 июли соли равон баргузор мегардад. Машғулиятҳои мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳа оид ба таҳким бахшидани инфрасохтори молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва кумаки Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британия Кабир амалӣ мегарданд.

Back to Top