Дастгирии беш аз 20 лоиҳаи сармоягузорӣ

Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Президенти Бонки давлатии рушди Чин Чжен Чжи Тсзе мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои телекоммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ибрози андеша намуданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Бонки давлатии рушди Чин дар тӯли фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузориро дастгирӣ намудааст.

Back to Top