Тоҷикистон муборизаро бар зидди тарғибгарони гурӯҳҳои ифротӣ дар интернет тақвият медиҳад

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет тақвият медиҳад. 7 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ –ҷустуҷӯӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

МачидзодаҶӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет тақвият дода мешавад.  Мавсуф ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур баланд бардоштани сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба  созмону гурӯҳҳои ифротгаро тавассути интернет арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар асоси яке аз бандҳои тарҳи мазкур  мақомоти марбута  дар бораи шахсон ва гурӯҳҳое, ки дар интернет ба ҷалби шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ машғуланд, иттилоъ ҷамъ меоваранд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси  намояндагон таъкид кард, ки дар Тоҷикистон 3 миллион нафар муштарии интернет мавҷуданд, ки аз он 80 фисадашон ҳадафмандона ё ғайриихтиёр метавонанд ба манбаъҳои ифротӣ дар интернет дастрасӣ дошта бошанд. Мавсуф афзуд, ки  ҳамарӯза дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ 90 ҳазор паёмакҳо ирсол карда мешаванд.  Инчунин аз ин ба баъд истифодабарандагони интернет ҳангоми мушоҳида намудани фаъолияти таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро муваззафанд, то ба мақомоти марбута хабар диҳанд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар ҳолест, ки  соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи мубориза бар зидди  терроризм ва ифротгароӣ қабул гардид, ки он қадами устуворест дар роҳи мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир.

Back to Top