Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон: «Инъикосгари воқеият бошем»

Дар толори КВД «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд  вохӯрии раиси   Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода бо роҳбарону кормандони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва собиқадорони соҳа баргузор гардид. Чорабиниро  раиси Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён оғоз бахшида, интихоби З. Исмоилзодаро ба вазифаи масъулиятноки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз номи рӯзноманигорони вилояти Суғд шодбош гуфт ва барояш муваффақият таманно кард.
Зиннатулло Исмоилзода иброз дошт, ки ҳадаф аз вохӯрии имрӯза шунидани андешаҳои рӯзноманигорон, ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва бо назардошти пешниҳоду таклифҳо андешидани тадбирҳо оид ба рушди соҳаи воситаҳои ахбори омма мебошад. Ӯ аз ҷумла, зикр намуд: «Рисолати рӯзноманигор расонидани хабару воқеъоти амиқ ба ҷомеа аст. Алҳол Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бештар аз 2200 аъзо дошта, бо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Мақсаду мароми мо ободию шукуфоӣ ва сарсабзии Тоҷикистони азиз мебошад. ИЖ Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои рӯзноманигорон ҳамеша мекӯшад, ки барояшон фазои эҷодӣ фароҳам орад.

Албатта, давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои иттилоотии мо фарох гардид. Агар 11 сол қабл дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ амал мекард, имрӯз шумораи он ба 7 адад расидааст.

Дар вилояти Суғд низ баробари нашрияҳо,  садову симои давлатӣ якчанд расонаву нашрияҳои хусусиву соҳавӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият мебаранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон фазои мусоиди корӣ муҳайё сохтааст ва сензура амал намекунад. Вале мо набояд аз ин суйистифода карда, бо навиштани маводҳои иттилоотии гарм (сенсатсионӣ) ва ғаразнок ҷомеаро ба ифротгароӣ равона созем. Вақтҳои охир дар нашрияҳои хиёбонӣ ё, ба таври дигар гӯем, ҷаридаҳои «зард» аксар маводҳои ғайри қобили қабул таҳти сарлавҳаҳои мухталиф дарҷ мегарданд. Моро мебояд ахлоқи журналистиро риоя намоем ва маводҳоеро ба хонанда ва шунавандаю бинанда пешниҳод намоем, ки он барои насли ҷавону наврас намунаи ибрат ва пайравӣ бошад. Симои шахсони нексиришту покдоман, софдилу дӯстдори ватанро офарем, ки ҷомеаи мо дар оянда солим бимонад. Дар маводҳои хеш арзишҳои миллӣ, урфу одат, анъанаҳои нек ва иффату покиро ба мардум талқин намоем, то насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёбанд. Масъалаҳоеро бардорем, ки он дархӯри ҷомеа бошад. Ниёзҳои ҷомеаро омӯхта, ба дарди ҷомеа дармон ёбем».

Зиннатулло Исмоилзода ҳамзамон дар бобати тарбияи кадрҳои ҷавон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, ҳамкории расонаҳои хабарӣ бо донишгоҳҳое, ки мутахассиси соҳаи иттилоот тайёр менамоянд, таъсиси қароргоҳи (пости) мухбирони коргару деҳқон дар назди нашрияҳо, аз нав бақайдгирии аъзои созмони рӯзноманигорон ва дигар масъалаҳои марбут ба пешравии соҳаи журналистика ибрози назар кард.

Дар музокира рӯзноманигорон Сайфулло Маҳкамов, Маҳмудҷон Ҳусейнзода, Бобоҷон Икромов, Дадохони Эгамзод, Раънои Зоҳирдухт, Абдусаттор Содиқов иштирок ва дар бораи роҳу усулҳои тарбияи кадрҳои ҷавон баъди хатми донишгоҳ, коста гаштани забони давлатӣ ва истифодаи шеваю жаргонҳо дар навишту гуфторҳои муаллифон дар расонаҳои хабарӣ изҳори назар намуда, таклифу пешниҳоди хешро баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони собиқадор, аз ҷумла Хуршеда Содиқова, Рафоат Мӯъминова, Лӯъмониддин Камолиддинов, Мазбутҷон Воҳидов, Мирзоэргаш Ӯрунов, Шариф Нуриддинов ва дигарон бо мукофотҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Back to Top