Ҳайати сарнишинони «Тоҷик Эйр» дар хориҷа тамрин намуданд

Душанбе, 28. 07.2016 Се ҳайати  сарнишинони ширкати миллии ҳавонавардии  «Тоҷик Эйр» барои идораи ҳавопаймоҳои  «Боинг 757-200» ва «Боинг 737-300» дар Литва, Озарбойҷон ва Испания ба омӯзиш ва тамрин фаро гирифта шуданд.
Хайрулло Раҳимов, директори генералии ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки ин тадбир дар доираи  «Барномаи омодасозии  мақсадноки ҳайати парвозҳо» андешида шудааст. Ҳамзамон дар ин давра, беш аз 180  нафар роҳбаладон ва мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникии «Тоҷик Эйр»  дар бахшҳои такмили ихтисос  ва забони  англисӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои роҳбарияти «Тоҷик Эйр», алҳол маҷмааи ширкат дорои 35 ҳавопаймо буда, аз он  26 ададаш дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд. Хайрулло Раҳимов афзуд, ки барои навсозии  парки ҳавопаймоӣ  роҳбарияти ширкат  пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Танҳо барои  нигоҳдории  коршоямии ҳавопаймоҳову чархболҳои ширкат, хизматрасонии  техникӣ, тармими ҷории онҳо ва  иваз кардани қисмҳои эҳтиётӣ 10,5 миллион  сомонӣ харҷ гардидааст.

Back to Top