СММ силсилаҳамлаҳоро дар Афғонистон маҳкум кард

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун рӯзи сешанбе бо навбат изҳороти умумӣ ба нашр расонданд, ки дар онҳо силсилаҳамлаҳои террористиро, ки дар музофоти Бадахшон, дар шимоли Афғонистон ва дар пойтахти кишвар- шаҳри Кобул рух доданд, маҳкум карда, барои кашидани ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ мутобиқи қонун даъват карданд.
Шӯрои амнияти СММ бо пахши як баёния барои васоити ахбори омма ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрвандони осоиштаро, ки 20 июн амалӣ шуд, маҳкум кард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки таркише, ки дар бозори минтақаи Кишими музофоти Бадахшон рух дод, ба марги 10 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани 36 нафар боис гардид, ки аксарияти қурбониён кўдакон буданд.
Дар ҳамлаи Кобул аз ҷумла, 13 шаҳрванди Непал ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ин ду ҳамларо ҷунбиши «Толибон» ба уҳда гирифт.

Back to Top