Ҷ Т: ғалабаҳои бузурги “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва “Равшан”

543545ЕО25-26 июл бозиҳои аввали даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки бар асари бемории тӯлонӣ, дар 36-солагӣ вафот кард, шурӯъ шуданд.

Тими “Истиқлол”дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Ду голи дастаи пойтахтро ниммуҳофизи тими мунтахаби миллӣ Фатҳулло Фатҳуллоев ва як голиро Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.

 “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ ба муваффақият ноил шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар майдони худ бар “Канд”-и Конибодом, ки лигаи якуми мамлакатро намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби 9:1ғалаба кард. Се бозингарони хуҷандӣ – Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев дуголӣ ва се нафари дигар — Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров якголиро заданд. Голи меҳмононро Азиз Баҳромов ба ҳадаф расонд.

Бозӣ миёни “Панҷшер”-и Румӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Румӣ мувсовӣ (2:2) анҷом ёфт.

“Хайр”-и Ваҳдат дар сафар бар “Саройкамар” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуд.

Тими «Равшан»-и Кӯлоб, ки ҳайаташро бо бозингарон нав пурра кард, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо дастаи «Помир»-и Душанбе, ки аз футболбозони то 16-сола таъсис ёфтааст, вохурд. Кӯлобиҳо ба дарвозаи “Помир” 9 голи беҷавоб заданд. Шодибек Ғаффоров “хет-трик” кард. Голҳои дигарро Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Акуффо Гершон, Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов (ду гол) заданд.

«Барқи тоҷик» дар меҳмонӣ «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшанробо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Муаллифи голҳо Вайсиддин Сафаров ва Самад Шоҳзуҳуров мебошанд.

Тими «Вахш» дар варзишгоҳи «Пахтакор» дастаи лигаи якум - «Исфара»-ро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод.

Дар бозии охир дастаи «Чашма»-и Шаҳритус аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:5 шикаст хурд.

Бозиҳои ҷавобӣ 4-5 август баргузор мешаванд.

Back to Top