Сарвазири мамлакат ба маҳалли офати табиии Рашт рафт

33255мСубҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт рафт. 
Дар ҷамоати деҳоти Навдеҳи ноҳияи Рашт ҳайати кории ҳукуматӣ аз деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедак, ки бар асари фаромадани сел 20 июл, тақрибан соати 17-и бегоҳ зарар дида буданд, дидан карданд. 
Тавре аён гардид, дар ин деҳаҳо беш аз 50 хона қисман ва пурра зарар дида, 5 трансформатор корношоям гаштааст. Инчунин, дар инҷо 5 пул, 6 км хати интиқоли нерӯи барқ, 100 симчӯб, 5310 метр хатҳои обгузар ва роҳҳои маҳаллӣ хароб гаштаанд. 

Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ як талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кумаки пулии  Сарвари давлатро расонид.
Мавриди зикр аст, ки аллакай бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ҳодиса кумакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми 10 тонна расида, бунёди шаҳраки хаймаҳо дар деҳаи Ҳалқарф оғоз шудааст. Дар худи ҳаминҷо алакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст.  

Back to Top