Бозии “Истиқлол”-ва “Хайр”-ро доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд

77688Рефери ФИФА аз шаҳри Душанбе Парвиз Муртазоев барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё даври дуюми санҷишро мегузаронад.
Хотиррасон менамоем, ки ин маротиба довар Парвиз Муртазоевро рекрутори КФО Аскари Милаҷерди Ҳусайн аз Эрон назорат мекунад. Рекрутори эронӣ ҳакамии довари моро дар бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни чемпиони секаратаи мамлакат  дастаи“Истиқлол”-и пойтахт ва витсе-чемпиони феълӣ- дастаи“Хайр”-и Ваҳдат, ки рӯзи 9 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, назорат хоҳад кард. Ҳоло ёварони Муртазоев дар ин бозӣ аз ҷониби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон муайян нашудаанд.

Ёдовар  мешавем, ки дар даври аввали санҷиши рекруторӣ, ҳакамии Муртазоев дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаи“Барқи тоҷик” ва КМВА “Помир” (0:1), ки рӯзи 17 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, аз ҷониби рекрутори КФО Али Аҳмад Ал-Траифи аз давлати Арабистони Саудӣ хуб баҳогузорӣ шуд.
Бояд зикр   кард, ки барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи КФО Парвиз Муртазоев бояд аз се давраи санҷиши рекруторӣ гузарад. Дар айни замон аз Тоҷикистон танҳо Баҳром Саъдуллоев аз Қурғонтеппа шомили ин рӯйхат мебошад. Доварони аъзои рӯйхати доварони баргузидаи ФИФА ҳуқуқи ҳакамӣ намудани бозиҳои мусобиқаҳои байналмилалии КФО ва ФИФА-ро соҳиб мешаванд.

Back to Top