Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

1435127359 34564654566923 июни соли 2015 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо роҳбарии ҳамраисони комиссия- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини якуми Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, масъули соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноату нақлиёт дар кори ҷаласа иштирок намуданд.

 

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳо миёни хадамоти гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Back to Top