Ташрифи Сарвазири қирғизистон ба Тоҷикистон

1433759154 dsc 0656Имрӯз, баъди зуҳр Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сариев Темир Аргембоевич бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. 
Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Аргембоевичро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуд. 

Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон нахуст ба Маҷмааи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сариев Темир Аргембоевич бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Шукурҷон Зуҳуров мулоқот ороста, гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ баргузор мегардад, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ хоҳанд гашт.

Back to Top