Муқовимат бо коррупсия

722642 640Бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси кумита Махфират Хидирзода, кормандони кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба мавзӯи матраҳ раиси кумита Хидирзода Махфират Умар ва муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимова сухан гуфтанд.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони агентӣ мазмун ва мақсади «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба иштирокчиёни чорабинӣ фаҳмонида шуд.

Back to Top