Оғози ҷаласаи саҳмдорони «Роғун»

i  rogunМаҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушода /ҶСК/-и «Неругоҳи барқи обии Роғун» имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт. Интизор меравад, ки дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун» ҳисоботи солонаи ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014 ва масъалаи зиёд намудани сармояи барномаи он баррасӣ гардад.

Ҳамзамон дар маҷлиси солона интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Комиссияи баҳисобгирии НБО «Роғун» матраҳ мегардад. Инчунин аудити ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2015 тасдиқ гардида, дар маҷмӯъ дар ҷаласа ҳудуди 9 масъала баррасӣ хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» дар километри 110-уми қисмати шарқии Душанбе бо иқтидори лоиҳавии 13,1 миллиард кВт соат дар як сол бунёд мешавад.

Back to Top