Ҷоизаҳои "Нигоҳи нав" соҳиб наёфт

A nigohi n 201516-20 май дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяаковскийи пойтахт чорумин Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” баргузор шуд.

Дар он ҷавонони эҷодкор дар шаш даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Суғд иштирок карданд. Ҷашнвора-озмуни имсолаи “Нигоҳи нав” ба 75-солагии ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов ва коргардон Ислом Саломов бахшида шуд.

Коргардон Ислом Саломов, ки дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора-озмун иштирок дошт, дар суҳбат чунин иброз намуд: “Ман хеле хурсандам, ки ҷавонони эҷодкор фестивал-озмуни “Нигоҳи нав”-ро ташкил кардаанд. Инҳо мехоҳанд, ба театр навигарӣ ворид сохта, барои томошбин нигоҳи наву тозае пешкаш кунанд. Нигоҳи ҷавонӣ. Станиславский барҳақ гуфтааст: “Санъат пуркорӣ металабад”.

Моро устодонамон дар руҳияи пуркорӣ ва заҳмат дар роҳи театр тарбия карданд. Устодоне моро ба ин роҳ раҳнамоӣ карданд, ки дигар онҳоро бо шамъ ҳам ёфта намешавад. Аз онҳо фақат хотираҳо мемонад, баъд порчаҳои китобу мақолаҳо.

Дар ин маҳфил, ки ҷавонони навовару эҷодкор ҷамъ шудаанд, дар симои онҳо ҷавонии худро мебинам. Орзу мекунам, он роҳе, ки мо тай кардаем, инҳо ҳам дар асри 21 ҳамин гуна як роҳро бо захираҳои бузурги маънавӣқадам зананд. Барои талошҳояшон табрикашон мекунам. Бигзор ҷашнвора садсолаҳо умр бинад ва барои давлату миллат хизмат кунад”.

Намояндаи Вазорати фарҳанг аз номи вазир Шамсиддин Орумбекзода ҷавонони эҷодкорро муборакбод гуфта, ба онҳо барори кор хост. Инчунин, намояндаи дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки “Гурӯҳи ташаббускорро барои иқдоми навашон табрик мегӯям. Ширкату ташкилотҳо ва шахсони алоҳида, ки бо шумо ҳамкорӣ мекунанд, кӯмак мерасонанд, фикр мекунам, дар навбати худ аз шумо умед доранд. Албатта, он ҳамкориву кӯмак ба шумо як навъ пешпардохт ба ҷасорату кӯшишатон буд. Акнун, шумо бояд бо ҳунари худ, бо маҳорати худ таваҷҷуҳи онҳоро ҷуброн мекунед...”

Маврид ба ёдоварист, ки Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” аллакай ҳамчун Ташкилоти ҷамъиятии “Нигоҳи нав” сабти ном шуда, бо кӯмаку ҳамкории Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва чанде аз ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ аз соли 2012 ҷавонони эҷодкорро аз манотиқи кишвар ҷамъ меорад.

Зимнан, Шоҳҷамшед Умарӣ, сарвари ТҶ “Нигоҳи нав” зикр кард, ки имсол ба чор нафар, ки ба қавли ӯ тӯли чор сол дар паҳлӯяшон буданд, диплом тақдим мегардад. Аз ҷумла, дипломи аввалин барои садоқат ва орзуҳои волои фарҳангӣ ба корманди собиқи ТҶ “Нигоҳи нав” Гуландом Набиева тақдим шуд. Дипломи дуюм ба Насим Мадёров, корманди Вазорати фарҳанг. Дипломи сеюм ба ҳунарпеша Қурбони Собир ва дипломи чорум ба намояндаи ширкати “Мария” Асом Хайриддинов супорида шуд.

Бояд гуфт, ҳарчанд имсол теъдоди дастаҳои ҳунарӣ, яъне, эҷодкорони ҷавон нисбат ба солҳои пеш камтар буданд, аммо зикр шуд, ки теъдоди сарпарастон ва ҳамкорони ҷашнвора-озмун сол ба сол бештар мешавад.

Ҷашнвора шоми 20 май ҷамъбаст гардид, аммо ҳакамон ягон намоишро сазовори ҷоиза надонистанд. Танҳо ба гурӯҳи "Бесарпарастон" ҷоизаи "Таваҷҷуҳи тамошобин" дода шуд.

Сарпарастон – дафтари Конфедератсияи Шветсария дар Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушод, ҶДММ “Мария”, “Рухом”, “Баҳманруд” ба иштирокчиён диплом супоридаанд. Комил Бобоев ва Парвинаи Эмомалӣ “Беҳтарин волонтёри соли 2014-2015” эътироф шуданд.

Back to Top