Нигаронии Амрико аз идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудӣ

i8906Маъмурияти ҳукумати Амрико аз идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудӣ дар ҳудуди заминҳои ишғолии Фаластин шаддидан изҳори нигарони кардааст. Исроил ният дорад, ки дар минтақаи Рамот 200 – адад хонаҳои истиқоматӣ ва 174 хонаи дигар дар ҳудуди арабии Байтулмуқаддаси шарқӣ бунёд намояд. Дар ин хусус зимни як брифинг намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии ИМА – Ҷен Псакӣ изҳор доштааст.

 Ба гуфтаи номбурда ин иқдоми Исроилро дар Вашингтон ҳамчун амалкарди ғайриқонунӣ аз ҷониби Исроил, ки вазъи сулҳ дар Ховари миёнаро зери хатар мегузорад, қабул кардаанд. «Мо аз ин иқдоми Исроил хеле дар ташвишем, махсусан дар раванди бӯҳрони шаддид атрофи Байтулмуқаддас» - илова намудааст номбурда.

Back to Top