Нигаронии Президенти Фаронса аз сатҳи бекорӣ

pfПрезиденти Фаронса – Франсуа Олланд гуфтааст, агар ҳукуматаш сатҳи бекориро дар кишвараш коҳиш надиҳад номзадияшро ба даври дуюми президентӣ, ки дар соли 2017 – ум бояд доир гардад, нахоҳад гузошт. Дар ин хусус зимни баромдаи мустақимаш тариқи шабакаи телевизионии «ТФ – 1» роҳбари Фаронса  баён доштааст.

 Тавре худи президент таъкид дошт яке аз мақсадҳои асосии ҳукуматаш ин коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Фаронса будааст. Мавриди зикр аст, ки аз замони ба сари қудрат расидани Олланд дар моҳи майи соли 2012 сатҳи бекорӣ дар ин кишвар то 500 – ҳазор нафар боло рафтааст. То охири моҳи сентябри соли ҷорӣ шумораи нафарони бекор дар Фаронса 3,34 миллион нафарро ташкил додааст.

Back to Top