Афзоиши шумораи гурезаҳо

bejnsi1Наздики 70 – ҳазор суриягӣ дар чанд рӯзи охир бо сабаби зӯровариҳои гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» сарҳади Туркияро гузашта ба ин кишвар ворид шудаанд. Дар ин хусус комиссари оллии СММ оид ба масъалаи гурезаҳо иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ ворид шудани боз садҳо нафар фирории сурягӣ ба Туркия аз эҳтимол дур нест, чун ки айни замон дар шимоли Сурия бархӯрдҳои мусаллаҳона байни артиш ва ҷангиёни террорист идома дорад. Гуфта мешавад, ки бештари ин фирориён курдҳои Сурия мебошанд. Дар шаҳри Айн – ал – Араб, ки ним миллион аҳолӣ дорад 200 – ҳазораш ба дигар шаҳрҳои Сурия фирорӣ шудаанд.

 Мавриди зикр аст, ки дар давоми се рӯзи охир курдҳо наздики 60 – деҳаи шимоли Сурияро бинобар сабаби ҳуҷуми террористон, тарк кардаанд. Ҷангиёни террорист ба шаҳри Айн – Ал – Араб, ки маркази маъмурии Курдистони Ғарбӣ маҳсуб мешавад, пайваста ҳуҷум мекунанд. Вобаста ба фирори густардаи шаҳрвандони Сурия Комиссари Олии СММ ба Туркия 20 – мошини боркаш, ки дорои 20 – ҳазор рӯйпӯш, 10 – ҳазор курпа ва 5 – ҳазор зарфи об мебошанд, фиристодааст.

Back to Top