Гуфтушунид дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон

300 628879 20131127142400Роҳбарияти сиёсии Эрон ва «шашгона» имрӯз ба пойтахти Австрия шаҳри Вена ҳозир шуда бегоҳи ҳамин рӯз даври паҷуми гуфтушуниди барномаи ҳастаии Эронро оғоз мекунанд. Ҳайати «шашгона» - ро дар ин гуфтушунид роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Кетрин Эштон ва ҷониби Эронро вазири корҳои хориҷии ин кишвар – Ҷавод Зариф роҳбарӣ мекунанд. Аз давраи чоруми гуфтушунид, ки моҳи май доир гардида буд як моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам ҷонибҳо корро дар ин самт қатъ накарда буданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо ҳоло ҳам сари ин масъала ихтилоф доранд. Аммо баъди мулоқоти ғайрирасмии Муҳаммадҷавод Зариф ва Кетрин Эштон дар Туркия онҳо ба мувофиқа расида буданд, ки ин гуфтушунидро дар Вена дар моҳи июн идома медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки Эрон гуфтааст барномаи ҳастаияшро коҳиш медиҳад аммо пурра онро қатъ карданӣ нест.

Back to Top