ИЧТИМОИЪ

Шиносоии Президент бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ

31.07.2015 11:20

1035736Имрӯз Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуд.

Намояндагони ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қимматбаҳо ба маъраз гузоштанд. Гушаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобоҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид. Ҳамчунин, дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

МУФАССАЛ...

 

Густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар шаш моҳи соли 2015

29.07.2015 11:52

DSC 0187Дар нимсолаи аввал ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, густариш ёфтаанд, - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба  хабарнигорон.
Ба гуфтаи Аслов дар ин нимсола Тоҷикистон ҳамкорӣ асосан оид ба  фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон таҳким гардонида шуд. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар ин давра ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид, ки ин далели  густариши ҳамкорӣ мебошад. 

 

Изҳори тасаллияти Президент ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

08898Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.

МУФАССАЛ...

 
 

Русия квотаро барои донишҷӯёни тоҷик афзун хоҳад кард

09.07.2015 13:11

11357183 862123980524456 6706959386700580658 o000Бегоҳи дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар мулоқот беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла, зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Президенти кишвар зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накӯи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабононро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкор ҳидоят намуд.

МУФАССАЛ...

 

Ҷавонони ноогоҳ фирефтаи равияҳои мамнуъ мешаванд

08.07.2015 14:25

A DINТаҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар вақт тарғибгарони равияву ҷараёнҳои ифротӣ маҳз ҷавонони дониши кофии динӣ надоштаро ба доми худ меафтонанд.

Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки имомони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ салоҳияти ба намозгузорон додани маълумоти саҳеҳ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзамро доранд. Яъне, имомони масоҷид метавонанд пеш аз ҳар намоз ба намозгузорон дар бораи ақидавамасоилифиқҳиҳанафӣмаълумотдода, ҳаргунаихтилофотимазҳабиропешгирӣнамоянд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 1 аз 2

Back to Top