ҶАҲОН

Волии толибон дар Форёб кушта шуд

27.07.2015 10:36

5yhhjБар  асари  ҳамлаи тайёраҳои  қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии Афғонистон дар  қаламрави  вилояти  Форёби ин  кишвар  8  нафар  силоҳбадастони  ҷунбиши «Толибон» кушта шуда, 14  нафари онҳо  захм  бардоштанд. 
Назар  ба  иттилои Агентии иттилоотии  «Пажвок», волии толибон  дар  Форёб Қорӣ Салоҳуддин,  ҳамчунин  ду  нафар  зархаридони  хориҷӣ  аз ҷумлаи  кушташудагон  мебошанд. 
Ёдовар  мешавем, ки  вақтҳои охир  вазъи  амниятии вилояти Форёб басо пуршиддат  гардидааст. Силоҳбадастон ба  якчанд вулусволӣ ҳамла  оварда, даҳҳо  деҳаҳоро  таҳти назорати  худ  гирифтаанд. Бар  асари  ҳамлаи  худкуш  дар  вулусволии Алмар  19 нафар  ҳалок  шудаанд. 

 

Туркия тайёраҳояшро ба сарҳади Сурия равон мекунад

24.07.2015 11:27

1000774930Бино ба хабари шабакаи телевизионии «Ал – Арабия», Туркия тайёраҳои қиркунандаро ба сарҳади Сурия, ки дар он ҷо байни сарбозони Туркия ва силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» задухӯрдҳо рӯй додаанд, равон мекунад.
Қаблан
 хабар  дода шудабуд, ки «танкҳои  Туркия мавқеъҳои  «Давлати  исломӣ»,  воқеъ  дар қаламрави Сурияро  якчанд  маротибаба  нишон  гирифтанд». 
Сабаби ин  иқдоми қӯшунҳои  Туркия дар  сарҳад сар  задани оташфишонии  байни  сарбозони  Туркия  ва  силоҳбадастони «Давлати  исломӣ» мебошад
Мувофиқи  маълумоти  охирин, дар  натиҷаи бархӯрдҳои  мусаллаҳона як хидматчии   ҳарбии  Туркия  ҳалок  гардида, панҷ  нафари онҳо  захмӣ  шудаанд.

 

«Муҳоҷирзанон» аз ДИИШ мегурезанд

24.07.2015 11:16

675657tjБа «муҳоҷирзанон»-и  мансуб ба ДИИШ дар Сурия чизе аз васвасаҳо ва мусаллаҳ гардонидани онҳо тавассути интернет кумак накард, ҷуз роҳи гурез аз  ин гурӯҳ. Тибқи иттилои як манбаъ аз Дайр-уз-Зур,  шарқи Сурия, тӯли ҳафтаҳои  гузашта марҳила ба марҳила шумори зиёди  «Муҳоҷирзанон» аз хоки Сурия фирор кардаанд. Ба гуфтаи Абдурраҳмон Ҳумайдӣ, шахси масъули  фирори «муҳоҷирзанон»-и ба доми фиреби ДИИШ афтода, теъдоди занҳои фирорӣ аз ин гурӯҳ ба ин шумора маҳдуд набуда, балки теъдоди онҳо хеле зиёд аст. Ӯ меафзояд: «Аксари «муҳоҷирзанон» фурсати муносиберо барои гурез мунтазиранд, то дар кӯтоҳтарин фурсат аз он ҷо фирор намоянд. Тибқи маълумоти манбаъ ҳангоми ба доми ДИИШ даромадан онҳоро ҷангҷӯёни ДИИШ ҳатто аз истифодаи интернет маҳрум менамоянд, то бо хонаводаҳояшон тамос нагиранд ва аз назди онҳо фирор нанамоянд».

 

 
 

Ду роҳбари калони гурӯҳи ДИИШ дар шарқу шимоли Сурия кушта шуд

14.07.2015 16:25

114454Тибқи иттилои Дидбони ҳукуқи башари Сурия, яке аз роҳбарони такфирии ДИИШ Амир-ал-Рафдон дар як вилояти шарқии Сурия- Дайр-аз-Зур нобуд гардид. Роҳбари дигари ин гурӯҳи террористӣ Абу Усома -ал-Ироқӣ дар вилояти Ҳасака, шимоли ин кишвар маҳв гардид. То ҳол маълум нест, ки ин террористҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои суриягӣ  нобуд гардидаанд ва ё аз сӯи ҳавопаймоҳои  қувваҳои эътилоф. Мавриди зикр аст, ки тӯли чанд рӯзи ахир теъдоди хеле зиёди ин гурӯҳи террористӣ дар сатҳи роҳбарони онҳо нобуд мегарданд.

 

ДИИШ 111 кӯдакро рабуд

06.07.2015 13:30

a355Масъули ВАО-и Ҳизби демократии Курдистон Саъид Мамузинӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ки ДИИШ 111 кӯдакро аз шаҳри Мувсал рабуда, онҳоро ба марказҳои омӯзишии низомӣ ва идеологӣ бурдаанд.Ба гуфтаи ӯ ДИИШ аз ибтидои соли гузашта то кунун 1420 кӯдакро дуздида, онҳоро барои амалиёти террористӣ ва мухобиротӣ истифода мекунанд. Тифлоне, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда мешаванд ҳамагӣ аз 10 то 15 сол доранд. То ҳол 78 нафар аз падарони ин кӯдакони дуздидашуда бинобар сабаби эътироз баён карданашон барои рабуда шудани фарзандонашон аз ҷониби ин гурӯҳи ифротӣ боздошт шудаанд.

 
 

Саҳифаи 1 аз 5

Back to Top