Имрӯз 13-умин рӯзи соли 2021 аст.

Обу ҳаво

13 январи соли 2021 ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 1-3° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона -3+2° хунук, рӯзона11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво -4+1, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.  Дар ғарби ВМКБ шабона 7-12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20° хунук, рӯзона аз 1-6° хунук то -2+3°, дар шарқи вилоят шабона 32-37° хунук (дар мавзеи Булункӯл аз 55-57° хунук ), рӯзона аз 14-19° хунук (дар мавзеи Булункӯл аз 28-30° хунук ) мешавад.

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд шабона -1+1°, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд шабона -4+1°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои шаҳри Душанберо шабона 0-2° хунук, рӯзона 14+16° гарм гуфтааст.  Дар  водиҳои НТҶ шабона -4+1°, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук, рӯзона 0+5° гарм дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.7374 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1517 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

13 январи соли 1703 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» ва «Литературной газеты» нашр шуд ва имрӯз дар ФР Рӯзи матбуоти Россия аст;

Дар ин рӯзи соли 1892 дар обсангҳои зериобии баҳри Ҷанубии Чин киштии буғии британиёии «Namchow» суқут кард. Дар натиҷа 414 нафар кушта шуданд;

21 сол пеш, 13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» рафт ва ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт;

13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» фармон ба имзо расониданд;

Соли гузашта бошад, дар Маҷмаи Умумии  СММ ҳафт давлат аз ҳуқуқи овоздиҳӣ  маҳрум шуданд.  Тавре «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар дода буд, ин давлатҳо Венесуэла, Гамбия, Яман, Лесото, Лубнон, Тонга ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ мебошанд;

Имрӯз дар Того Рӯзи озодӣ ва дар Литва Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ таҷлил карда мешавад.