акс аз сомонаи ВКД

Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд 3 ҷавонро бо гумони ғорат намудани терминалҳои пулгузаронӣ дастгир карданд.

Дар ин бора аз ВКД хабар медиҳанд, ки бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо якҷо бо Ҷӯраев Суҳроб давоми моҳи декабри соли 2020 то шаби 1 ба 2 январи соли ҷорӣ аз 7 терминали пулгузаронии дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда, маблағи пулӣ тасарруф кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дуздиҳо асосан шабона содир шуда, бо ин кирдорҳои ҷиноятӣ ба ташкилотҳои соҳибмулк, аз ҷумла ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶДММ ТАҚҲ “Душанбе ситӣ”, ҶДММ “Экспрес пей” зарари молумулкии техникӣ расонидаанд.

“Бо ҳисоби зарари техникӣ ва пули тасарруфшуда аз чапдастии иттифоқи сегона камтарин зарар 2 760 сомонӣ ва аз ҳама бештар зиёда аз 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд”, – омадааст дар хабар.

Нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.