Имрӯз сешанбе, 12 январи соли 2021 мебошад.

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои имрӯз дар шаҳри Бохтарро камабри бебориш гуфтааст. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 2-7° хунук, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 2-7 хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона 20-22° хунук, рӯзона 4-6° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 10-15 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 18-23 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона 32-37° хунук (дар мавзеи Булункӯл 55-57° хунук), рӯзона 15-20° хунук (дар мавзеи Булункӯл 30-32° хунук) мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ Ҳавои камабр сокинони шаҳри Хуҷандро интизор аст. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 2-4° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳои НҶТ шабона 1-6° хунук, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11-16° хунук рӯзона -1+4°, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6° хунук мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.7250 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1501 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

12 январи соли 1937 дар дарёи Варзоб аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуд;

Ҳамин рӯзи соли 1999 барои нархи  тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд. Онро дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтанд;

12 январи соли 2010 дар Тоҷикистон Иттифоқи нашриёти мустақил таъсис дода шуд;

Дар ҳамин рӯзу ҳамин сол заминларзаи шадид бо қувваи 7 бал ҷазираи Ҳоитиро ларзонд. Баъди ин боз чандин такони дигаре ҳам дар минтақа ба қайд гирифта шуд, ки 15 ҳодисаи он бо қувваи 5 балл буд. Дар натиҷа 222 570 нафар ҷон бохтанду 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд ва 869 нафар бенишон гум шуданд;

12 январи соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид;

Имрӯз дар Россия Рӯзи прокуратура, дар Туркманистон Рӯзи хотирот ва дар Ҳиндустон Рӯзи миллии ҷавонон аст.