Тавре қалан хабар дода будем, шурӯъ аз 11 январ мусобиқаи Мастерси ҷудо дар шаҳри Доҳаи Қатар оғоз гардид.

Дар рӯзи аввал, ки рақобатҳо хело пуршиддат ва диданӣ сурат гирифтанд, варзишгари мунтахаби Косово Дистрия Красники ғолиби Мастерс дар соли 2019 рақибони худ Маруша Штангар (СЛО), Катарина Кошта (ПОР), ва Мелан Клеменро мағлуб карда, ба финал баромад. Дар финал Красники бо Фуна Тонаки (ҶОП) вохӯрда, медали тиллои сеюми худро дар Мастерс ба даст овард.

Ба навиштаи сомонаи телевизиони «Варзиш» дар вазни сабук ҳунарнамоӣ барои фаворитон Роберт Мшвидобадзе (РОС), Франсиско Гарригос (ИСП), Шарофуддин Лутфуллоев (УЗБ) ва Йелдос Сметов (ҚАЗ) вазнин паси сар гардид.

Янг Йунг Вей (ТАЙ) ҷоизадори Гранд Слем 2020 дар финал бо бо қаҳрамони Гран Прии Тел Авив-2020 рубару шуд. Дар финал қувваи ҳарду гӯштингир баробар буд, аммо Ким дар охир бо як партофти худ иппон карда, тавонист соҳиби медали тилло шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа кишвари моро Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков бо Акил Яков (-73 кг) ва Виктор Стерпу (-73 кг) андари майдони рақобат мегарданд.