Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе доир шуд.

Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва финалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Суғд ва вилояти Хатлон 23 январ оғоз мегардад. Дар минтақаи Душанбе 4 дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи якум ширкат хоҳанд кард, ки дар маросими қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомил гардиданд. Гурӯҳи “Б” аз тимҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” таркиб ёфтааст.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ бозиҳо дар минтақаи Душанбе тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дар натиҷа дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Куктош», КМВА, «Шоҳмансур».

Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».