Имрӯз – панҷшанбе, 10 декабри соли 2020. Баъд аз 21 рӯзи дигар соли нави милодии 2021 меояд.

Обу ҳаво

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар умум, ҳаво дар вилояти Хатлон бебориш буда, туман мефарояд ва ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ барфи суст борида, ҳарорати ҳаво дар ин қисмат шабона 4-9 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -3+2°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 14-19° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 4-9° хунук мешавад. Эҳтимолан дар шаҳри Хоруғ барфи суст меборад ва ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона -1+1° мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 4-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -2+3° мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд шабона ва саҳаргоҳон ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои абрнок, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Ҳавои тағйирёбанда дар шаҳри Душанбе пешгӯӣ карда мешавад. Эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар умум, дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Қурби асъор

Барои рӯзи 10 декабри соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллари ИМА-ро баробар ба 11.3000 сомонӣ, 1 Евро баробар ба 13.6764 сомонӣ ва 1 рубли русиро ба 0.1526 сомонӣ муқарар кардааст ва таъкид мекунад, ки қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.

Тақвими рӯз

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол қайд карда мешавад.

Дар ҳамин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд;

10 декабри соли 1945 ИМА барои таъсис додани қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк розигӣ дод;

Аввалин маротиба соли  1901  маросими супоридани ҷоизаи Нобел баргузор гардид;

Бояд гуфт, 10 декабри соли 2012 Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд. Расо як сол пас, аниқтараш 10 декабри соли 2013  дар бинои Барномаи рушди СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд. Инро ҳам бояд донист, ки дар ҳамин рӯзи соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 26- солагии таъсисёбии ҳизб ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад.