Тавре дар рӯзи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мушоҳида кардем, теъдоди наварасон нисбати бузургсолон хело зиёд аст, чунки маъмулан, наварсон бо китоб унсу улфати бештар доранд. Бо самимият ва садоқати бештаре бо кутоб рӯ ба рӯ мешаванд.

Умуман, сину соли аслии китобхонӣ то синфи ҳафт аст. То синфи ҳафт наврасон ба китоб бисёр ошиқона, муҳибона ва бо ҷиддият рафтор мекунанд. Дар аксар ҳолат ба адибон тавсия дода мешавад, ки бештар адабиёти бачагона нависед, онҳо як навъ озурда ва малол мешаванд ва мегӯянд моро кам гирифтанд. Не! Ҷиддитарин хонандаи мо кӯдак аст. Кӯдак ҳама чизро самимӣ ва ҷиддӣ мепазирад. Ҳеҷ навъ руву риё надорад, содиқона китоб мехонад.

Мо фақат барои ҷоиза намехонем. Наврасони мо танҳо барои ҷоиза намехонанд. Вале мо водор ҳастем, ки бо ҷоиза кори онҳоро ташвиқу тақдир кунем. Ин тақдир дар айни ҳол боло бурдани эътибор ва мартабаи китоб ва китобхонӣ аст. Чунки хоҳем ё нахоҳем имрӯз дар ҷомеаи муосир натанҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё як қишри бузурги ҷомеа аст, ки ҳама чизро ба мизони моддиёту сармояҳо андоза мегиранд ва аз рӯи он эътиборашро мешиносанд. Масалан, чаро як китобхони хуби мо баробари як варзишгари хуби мо ҷоиза набарад? Чаро як шоири хуби мо, ки тоза қалам ба даст гирифтааст, баробари як варзишгар барандаи як ҷоизаи хубе ба изофаи унсури сармоя ва модӣ ҳам нагардад? Ин як амри табиӣ аст, ки хушбахтона аз тарафи мақомоти олии кишварамон шинохта, ташхис шуд ва тадбирҳои амалӣ ба иҷро гузошта шуд.

Рустам Ваҳҳобзода, шоири халқии Тоҷикистон