Ширкати «Барқи Тоҷик» бо интишори муроҷиатнома иттилоъ додааст, ки аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.

Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд. Вале, «имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем».

Ба гуфтаи масъулини «Барқи Тоҷик» зимистони  имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.