Ба навиштаи сомонаи BBC,  ҳомиёни муҳити зист ба додгоҳ гуфтаанд ки эҳдоси корхонаҳои “Tesla”, зистгоҳи морҳо ва калтакалосҳоро ба хатар меандозад.

Ин манба меафзояд, фаъолони ҳифзи муҳити зист боз ҳам тавонистанд аз додгоҳи Олмон ҳукм бигиранд,  ки сохти корхонаи мошинсозии “Tesla” мутаваққиф шавад.

Айни замон ин ширкати тавлидкунандаи мошинҳои барқӣ барои бунёди  нахустин корхонаи тавлиди мошин ва батареяҳо дар Аврупо, машғули ҳамвор кардани заминҳои ҷангал дар атрофи Берлин, пойтахти Олмон  аст.

Вале муътаризон дар додгоҳи гуфтанд, ки ин иқдомот зистгоҳи морҳо ва калтакалосҳои ҳифозатшудаи ин минтақаро ба хатар меандозад. Бад ин тартиб додгоҳе дар Франкфурт ҳукм дода аст, ки поксозии ҷангал мутаваққиф шавад то баррасиҳои бештаре анҷом бигирад.

Бояд гуфт қаблан ҳам додгоҳ ҷилави тарҳи “Tesla” барои эҳдоси корхонаи азимаш дар Горнхайдеи Олмон дар наздикии Берлинро гирифта буд.

Илон Маск раиси “Tesla”, як соли пеш бо ташрифоти фаровоне аз тарҳи эҳдоси ин корхонаи парда бардошта гуфт, ки қасд дорад онро то аввали тобистони оянда, роҳандозӣ кунад.  Ҳадафи ширкати “Tesla”ин аст, ки солона ним миллион мошин дар ин корхона бисозад.

Аз тарафи дигари ҳизби демократӣ-масеҳӣ ва ҳизби демократи озоди Олмон ҳомии эҳдоси ин корхонаҳои “Tesla” ҳастанд ва мегуянд, ки  ҷилавгирӣ аз он метавонад ба ҷаззобияти Олмон барои тавлидкунандагон латма бизанад.

Ширктаи “Tesla” барои бунёди корхонаи мошин ва батареясозӣ бояд ҳудуди 91 гектар ҷангалро ҳамвор кунад.  Ҳам‌чунин дар бораи таъсиси ин корхонаҳои “Tesla” бар манобеи маҳалии об нигарониҳое вуҷуд дошт, ки ин ширкат қабул кард масрафи обро коҳиш диҳад.

Гуфтанист ширкати “Tesla” ду корхонаи азим дар Амрико ва Чин  дорад. Дар аввали соли ҷории милодӣ ин ширкат унвони гаронбаҳотарин ширкати мошинсозӣ дар ҷаҳонро гирифт, ки то қабл аз он дар ин ҷойгоҳ ширкати “Тойота” қарор дошт.