Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1039 корхонаву ташкилоти гуногуни ҷумҳурӣ 5242 ҷойи кори холиро муҳайё намудааст.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳои кишвар хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки ҷойҳои кори холӣ аз рӯи равия ва ихтисосҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, идораи давлатӣ ва мудофиа, савдо ва хизматрасонии маишӣ, саноат, энергетика, сохтмон, тандурустӣ, молиявӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар намудҳои фаъолият буда, корҷӯён метавонанд бо ин рӯйхат дар сомонаи www.kor.tj  шинос шаванд.

“Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоёни мамлакат мерасонад, ки онҳо низ метавонанд тавассути сомонаи мазкур беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногунро пайдо намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд”,- омадааст дар хабар.