Дар Венесуэла блоки президент Николас Мадуро дар интихоботи парлумонӣ пирӯз гардидааст. Бинобар навиштаи  хабаргузориҳои ҷаҳонӣ эътилофи “Қутби Бузурги Ватанӣ” бо роҳбарии Ҳизби ягонаи сотсиалистии президенти Венесуэла 67,7% овозҳоро ба даст оварда истодааст. Ҳамин тариқ, назорат аз болои мақомоти қонунгузорӣ ба маъмурияти сарвари давлат баргардонида мешавад.

Телевизиони “ЕвроНюс” хабар медиҳад, ки натиҷаи ин интихоботро   якчанд кишвар дар нимкураи ғарбӣ, аллакай дар бораи  натиҷаҳои интихоботӣ байён доштаанд, ки натиҷаи онро намепазиранд. Минҷумла кишварҳои  Бразилия, Канада, Колумбия, Панама, ИМА ва Эквадор эътироз  кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Венесуэла ҳукуматҳои ин кишварҳоро даъват кардааст, ки ба корҳои дохилии  кишараш дахолат накунанд.

Президент Николас Мадуро натиҷаҳои интихоботро таърихӣ номидааст. Вай инчунин гуфтааст: “Ҳоло мо Маҷлиси нави Миллӣ дорем, ин натиҷаи овоздиҳии мардум аст. Мардум вакилони нав, аз ҷумла занҳоро интихоб карданд. Мо пирӯзии бениҳоят бузург ба даст овардем”. Ҳизби Хуан Гуайдо, ки моҳи январи соли гузашта худро президенти муваққат эълон карда буд, аз интихобот хориҷ шуд. Вай инчунин дигар нерӯҳои мухолифро даъват кард, ки овоздиҳиро бойкот кунанд.

Яке аз сабабҳои натиҷаҳои баланди иттиҳоди сотсиалистӣ дар интихоботи парлумонии Венесуэла пароканда шудани ҳизбҳои мухолиф буд, гуфтааст президенти Венесуэла Николас Мадуро ҳангоми мулоқот бо ҳайати нозирони Русия. Дар ин бора РИА Новостӣ аз  суханони  Николас Мадуро иқтибос меорад. “Аз 277 курсии парлумон мо қариб 250 ҷой гирифтем. Мухолифон худро пароканда нишон дод, ки ин ба онҳо имкон надод, ки маъракаи пешазинтихоботии худро хуб муаррифӣ кунанд”- гуфтааст Мадуро ҳангоми мулоқот, ки дар микроблоги худ дар Твиттер. Интихоботи вакилони парлумони якпалатагии Венесуэла – Маҷлиси Миллӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд, ки дар онҳо 107 ҳизбҳои сиёсӣ ва ассотсиатсияҳо ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ беш аз 14 ҳазор номзад ширкат намуданд. Зиёда аз 20 ҳизб, аз ҷумла роҳбари мухолифин Хуан Гуайдо аз овоздиҳӣ саркашӣ карданд.

Як қатор кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИА ва ИМА, эътироф накардани интихоботи парлумониро пешакӣ эълон карда буданд. Интихоботи қаблии парлумонӣ дар Венесуэла соли 2015 баргузор шуда, ваколатҳои даъвати кунунии маҷлис моҳи декабри соли 2020 ба итмом мерасанд. Аз моҳи январи соли 2019 то январи соли 2020, Маҷлиси қонунбарор таҳти назорати неруҳои мухолиф буд, ки ба он Хуан Гуайдо роҳбарӣ мекунад.

Пас аз эътирозҳои азим дар моҳи январи соли гузашта ва савганд ёд кардани президент Николас Мадуро, Хуан Гуайдо ғайриқонунӣ худро сарвари муваққати давлат муаррифӣ намуд. Чанд давлати ғарбӣ бо сарварии Иёлоти Муттаҳида Гуайдоро президент эълон карданд.   Баръакс Русия, Чин, Туркия ва як қатор кишварҳои дигар Мадуроро ҳамчун президенти қонунӣ дастгирӣ ба расмият шинохтанд. Тибқи маълумоти Комиссияи миллии интихоботии Венесуэла, дар интихоботи гузашта, аз рӯи натиҷаҳои ҳисобкунии 82% овозҳо ва бо иштироки 31% овоздиҳандагон бо натиҷаи 67,6%, Иттиҳоди сотсиалистии “Қутби Бузурги Ватании Симон Боливар” дар сафи пеш мебошад. Ҷойи дуюм ба оппозисиюни “Эътилофи демократӣ” – 17,95% тааллуқ дорад.

Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”