Имрӯз аллакай рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Дар озмуни мазкур 269 нафар иштирокчиён аз рӯи 5 номинатсия иштирок намуда истодаанд.

Дар даври ниҳоии Озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар ғолибони даври пешин иштирок карда, дониши худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.

Адабиётшинос Равшани Махсумзода, ки узви ҳайати ҳакамони Озмун аст, роҷеъ ба тартиб ва рафти баргузории он гуфт, ки даври ниҳоии он нишон дода истодааст, ки намояндагони қишрҳои гуногуни кишвар дар доираи иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш доранд ба хотири пешбурди ояндаи Ватани азизашон бештар дониш омӯзанд.

Зебунисои Азизиён, хонандаи синфи 7 – уми Гимназияи №2 – и ноҳияи Деваштич зимни суҳбат бо мо гуфт, ки баргузории ин Озмун барои ҳамаи дӯстодорону ҳаводорони китоб самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад.

Ҳабибуллоҳи Туйғон, хонандаи синфи 9 – уми Гимназияи №2 – и шаҳри Бӯстон аз рафти баргузории Озмун қаноатманд буда, “ҷараёни он ба ман писанд омад, зеро аъзои ҳакамон саволҳое доданд, ки барои мо иштирокчиён ғайринтизор буд”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои ҳайати ҳакамон ҳарчанд дар баромади иштирокчиён камбудиҳо ба назар мерасад, вале дар маҷмӯъ миёни онҳо чеҳраҳои нави шехру сухандон зиёданд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмун то 15 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.

Ширин ИНОЯТОВА,

радиои “Тоҷикистон”