Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаи кишварро ба ҳам оварда, сафи довталабонро ба мутолиа ва аз бар кардани осори гуногун афзун намуд.

Ба иттилоъи масъулин теъдоди довталабон дар муқоиса бо соли гузашта 130 нафар зиёдтар буда, имсол 267 нафар довталаб аз рӯйи 5 номинатсия дар озмун ширкат меварзанд. Аз рӯи номинатсия хондан ва аз бар кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар довталаб имсол иштирок дошта, ҳар яке ба ғолибияти худ дар ин озмун боварӣ дорад.

Аскар Ҳаким – узви ҳайати ҳакамони номинатсяи хондан ва аз бар кардани осори адибони муосири тоҷик мегӯяд, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастоварди хубест дар самти илму фарҳанги кишвар. “Илова шудани номинатсияи “шоирӣ” ва тақсим намудани иштирокчиён аз рӯи синну сол ва кору вазифа дастоварди дигари иштирокчиён мебошад.
Ҳамзамон, мавсуф илова кард, ки “мо аҳли сухан шикоят мекардем, ки насли хурду бузурги имрӯз шеър азёд намекунанду китоб намехонанд, аммо дар ин ду сол шоҳид шудем, ки мардуми мо воқеан аҳли сухану аҳли қаламанд”.

Ғолибоне, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтаанд, дар пойтахт бо хобгоҳи замонавӣ ва 3 вақт хӯроки гарм таъминанд. Тибқи Низомномаи озмун ҳар як довталаб бояд на кам аз 100 ғазал, 150 рубоӣ, 300 мисраъ достон аз худ карда бошанд. Маҳорати иштирокчиёнро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Озмун то рӯзи 14 декабр идома хоҳад кард.

Гулру НИЁЗОВА,

РТ


Толори баргузории Озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик
Толори баргузории Озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик
Толори баргузории Озмун аз рӯйи номинатсияи шоирӣ
Толори баргузории Озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик