Ба хонаи бачаҳои  Роғун,   ки   дар маркази шаҳраки Обигарм ҷойгир аст,  аз тарафи хайрхоҳон кумак расонида шуд. Дар ин бора аз раҳбарияти  мактаб-интернати мазкур ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд.

Тавре роҳбари ин Даргоҳ Маҳмадулло Шолчаев  зимни суҳбат бо мо  қайд кард,  аксари онҳо аз баёни ному насаб ва ҷойи корашон худдорӣ мекунанд. Хушбахтона сафи  онҳое, ки нисбати  тақдири  тарбиятгирандагони ин мактаб – интернат бетараф нестанд ва ба эҳсонкорӣ машғул мешаванд, рӯз аз рӯз меафзояд.

Ҳамчунин Маҳмадулло Шолчаев афзуд, ки: «Имрӯз дар хонаи бачаҳои  шаҳри Роғун 41 нафар  наврасони ятим ва  фарзандон аз оилаҳои камбизоат  тарбия мегиранд. Шукр барои   таълиму тарбияи онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Хонаи бачаҳо барои давраи зимистонгузаронӣ   пурра тайёр буда ба қадри  зарурӣ  ангишт ва ҳезум ва маводи  хурока  захира гардидааст. Мушкилоте надорем, шукр баробари таъминот аз ҷониби  давлат боз ҳастанд  хайрхоҳоне, ки нисбати тақдири бачаҳо бетараф набуда, ба қадри тавоноии худ дасти хайру сахо  дароз мекунанд ва аксари онҳо   аз баёни ному насаб ва ҷойи корашон худдорӣ мекунанд, яъне хайри онҳо аз барои шуҳрату худнамоишдиҳӣ нест».

Ин мактаб – интернат соли 1997  бо дастгириву ҳидояти роҳбарияти  ҷумҳурӣ   ташкил шуда, бачаҳои ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои кабизоати минтақаро ба оғӯши гарми худ гирифтааст.  Боиси қайд аст, ки тарбиятгирандагони ин макони  меҳр низ доимӣ аз  лутфу марҳамати саховатмандон  бархурдор мебошад.

Раиси ҷамоати деҳоти Қадиоби шаҳри Роғун Абдураҳим  Лашкаров низ ҳангоми бо мо суҳбат таъкид дошт, ки воқеан ҳам шахсони саховатманд вақтҳои охир мехоҳанд ба ятимону  камбизоатҳо  бе баёни ному насабашон  дасти сахо дароз кунанд: «Чанде пеш  бо ҷавони соҳибкоре суҳбат доштам, ки  сокини шаҳри Роғун асту мехоҳад, аз ҳисоби  даромади худ қисмате ба чунин табақаи ниёзманд сарф намояд. Ман тавсияаш додам, ки садақаи беҳтарин  дасти ятимеро гирифтан аст  ва чун дар  шаҳраки Оби Гарм хонаи бачаҳо ҳасту  онҷо ятимон  тарбия мегиранд, пас дасти саховатмандӣ инҳо дароз кардан беҳтарин амал аст. Ҳамин тавр ин ҷавонмарди  сахӣ  ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ хурока ва 13 ҳазор сомонӣ либосҳои зимистона, инчунин маводҳои  хониш  тақдим кард».

Воқеан ҳам  роҳбарияти  хонаи бачаҳо қаноатмандӣ аз он карданд, ки  боз яке аз ҷавонмардони обигармӣ анвои  хурока, аз қабили шакару биринҷ, равған, картошкаву сабзӣ, пиёз, як сар чорвои майда ва  либосҳои зимистона аз қабили куртка, пойафзол, ҷуроб, жемпер, либосҳои гарми тагпӯш, инчунин  5 адад компютер ва 5 мизи  компютер  барои бачаҳо тақдим кард.

Ҳамасола  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми ироаи Паёми  худ ба Маҷлиси Олии кишвар ва суҳбату вохӯриҳо бо сокинони мамлакат сари масъалаи  дастгирии  ятимону эҳтиёҷмандон сухан ронда  таъкид медоранд,  ки ҳарчанд вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.  Ин таъкидҳои Пешвои миллат гувоҳ  аз самимияту меҳрубонӣ,  пуштибони ятимону бечорагон будан ва нисбати ин табақа бетараф набудани  ин марди бузург ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо  даҳҳо соҳибкорону саховатмандон ва  сокинони  баору номус ба он пайравӣ намуда истодаанд.

Нуралӣ Давлат, Низомиддини Шамсиён

радиои “Тоҷикистон”