Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад ҳолатҳои нохушро ба миён гузорад.

КҲФ дар сомонаи худ бо нашри як тавсиянома аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, то ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд, инчунин бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, то 8 декабри соли 2020 ҳаво номусоид мешавад. “Барфи тар метавонад сабабгори хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаҳо шавад” – омадааст дар баёния. Аз ин рӯ, “КҲФ дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд”.