Субҳи имрӯз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд садамаи нақлиётии маргбори давоми шабонарӯзии гузашта рӯхдода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ автомашинаи тамғаи “Таyota-Хелуксер” дар роҳи Душанбе – Ваҳдат ронандаи автомашинаи тамғаи “Таyota-Хелуксер” ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронанда – Абдусаломзода Муҳаммад, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, Абдусаломзода Муҳаммад Абдусалим ва мусофираш Сайфулоева Сайёра Маҳмуродовна, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар баробари ин, мусофирони дигар – Ҷумъаев Мансур, соли таваллудаш 1960, Юнусова Аврия, соли таваллудаш 1963, ноболиғ Самиаллоҳи Аслан, соли таваллудаш 2014 ва хурдсол Ҷумъаева Фахрия, соли таваллудаш 2016, сокинони шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ин рӯз, ҳамчунин  ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аниси Абдулфайз, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур дар деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти М.Вайсов аз уҳдаи идора кардани автомашинааш набаромада, пиёдагарди хурдсол Нурматова Оишамо Убайдуллоевна, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсовро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Инчунин, тахминан соати 10:00 рӯзи 6-уми декабри соли 2020 автомашинаи тамғаи “КIA” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон тахминан 200 метр ба ҷарӣ чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда – Ҳотамов Дилшод Саймуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он – Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.