7 декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар кори он Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зевар Давлатзода – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – Прзиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

Даври ҷумҳуриявии озмун дар 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ баргузор мешавад, ки дар он 267 нафар довталаб аз гӯшаву канори кишвар иштирок хоҳанд кард.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ тамоми чораҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд ва ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат – «Тоҷикистон», «ТВ Баҳористон», «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе-HD» ва 4 шабакаи радиои “Тоҷикистон” сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он пахш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Неъмат САЛИМЗОДА,

www.radiotoj.tj