Тавре дар хабарҳои қаблӣ иттилоъ дода будем аз  7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад.

Обидҷон Маҳмудзода

Обидҷон Маҳмудзода масъули ситоди Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод, ки барои дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст намудани озмуни мазкур дар китобхонаи миллии Тоҷикистон  толорҳои махсус омода карда шудааст, ки иштирокчиён ва ҳайати ҳакамон метавонанд озода  ширкат варзанд.

Ба таъкиди ин масъули ситоди Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  яке аз вижагиҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» илова намудани  номинатсияи “шоирӣ” мебошад, ки дар ин наминатсия алакай  23 нафар роҳхат пайдо намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваљљўњи сокинон ба китобу китобхонӣ ёдовар шуда ба масъулин супориш доданд, ки Озмуни љумњуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро минбаъд њар сол баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеаро ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ кунанд.

Нуралӣ Давлат, радиои “Тоҷикистон”