акс аз интернет

Субҳи имрӯз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як хабари кӯтоҳ иттилоъ дод, ки рӯзи 1 декабри соли 2020 марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-и зани 25-солаи сокини деҳаи Ориёни шаҳри Ваҳдатро бо роҳи зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дафтари матбуотии ВКД илова намуд, ки ин зан ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ариза навиштааст ва тибқи он гуфта мешавад, ки ҳодиса санаи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар назди муҷассамаи модар, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни ҳамин шаҳр рух додааст.

“Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”.