maorif.tj

Санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Дар ин бора хабарнигори минтақавии Радиои “Тоҷикистон” дар ВМКБ Сафармои Маҳмадфозил иттилоъ дода, қайд намуд, ки барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3800 китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар як хонавода расонида мешавад. Муовини раиси ноҳияи Мурғоб Исрор Исроров дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки:  “Мурғоб яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошад ва доимо дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз таҳти ғамхории пайвастаи роҳбари давлат имрӯз дар ноҳия тақсими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” оғоз гардид. Мо ҳамроҳи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъанаи неки ниёгон аз хонаи куҳансолон сар карда хона ба хона ба ҳар як оила китоби мазкурро расонида истодаем”.

Бояд гуфт, ки шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Нуралӣ Давлат,

Радиои “Тоҷикистон”